Баёнияи пайвастшавии намояндагии ПМТ дар Фаронса ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Намояндагии ПМТ дар Фаронса бо нашри ин баёния эълом медорад, ки аз ин ба баъд фаъолияти худро ба таври расмӣ дар чорчӯби Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон идома медиҳад ва пайвастагии комили худро бо ин ҳаракати сиёсии нав ва мардумӣ эълон менамояд.

Ин тасмим дар натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ, бемасъулиятӣ ва бекифоятии раҳбарияти ПМТ гирифта шудааст. Аз аввали соли 2025 намояндагии Фаронса борҳо аз роҳбарият талаб кард, ки ҳисобот пешниҳод намоянд ва раванди ислоҳот ва тағйироти дарозмуддатро, ки бо талоши зиёди аъзоён роҳандозӣ шуда буд, ба таври ҷиддӣ ва амалӣ пайгирӣ намоянд. Аммо, мутаассифона на танҳо ҳисобот пешниҳод нашуд, балки худи идеяи ҳисоботдиҳӣ ба таври таҳқиромез рад гардид ва он бо як муқоисаи номуносиб ба ниҳодҳои худкома ва амниятии давлат тамсил дода шуд «гузориш додан ба шумо гузориш додан ба Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов аст»

Ин тарзи бархӯрд ва худсарии роҳбарияти ПМТ, ки муқобили арзишҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ аст зарбаи сахте ба руҳияи аъзоён ворид намуд.

Ғайр аз ин амалкарди зоҳирӣ ва намоишии иддаои «ислоҳот» бе ҳеҷ тағйири воқеӣ дар сохтор ё шеваи раҳбарӣ, нишон дод, ки роҳбарият ҳеҷ ирода барои тағйир надорад.

Мутаассифона вазъро бархе афроди наздик ба роҳбарият бо суханони таҳқиромез ва таҳдидомези худ боз ҳам муташанниҷтар гардониданд. Гарчанде мо талош доштем ин ихтилофро дар дохили созмон ҳал намоем, аммо чунин бархӯрдҳо моро водор карданд, ки ба таври мустақил иқдом намоем.

Бо ҳамин намояндагии пешини ПМТ дар Фаронса фаъолияти худро қатъ намуда ба ҳайси Намояндагии расмии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса идома медиҳад. 

Ҳамзамон, мо эълон медорем, ки Ҳусниддин Даминов ба ҳайси раиси нави намояндагии ҲИТ дар Фаронса интихоб шудааст.

Намояндагии ПМТ дар Фаронса, ки аз соли 2018 фаъолият дошт ва яке аз марказҳои фаъолтарини сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар Аврупо маҳсуб мешуд, пас аз машварат ва баррасии ҳамаҷониба дар ҷаласаи 22 августи соли 2025 тасмими гирифтем, ки якдилона ба Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (ҲИТ) мепайвандем. Протоколи ин ҷаласаи намояндагӣ ба Дастгоҳи иҷрояи ПМТ ирсол карда шуд.

Мо ба хотири адолат, ислоҳот ва наҷоти Тоҷикистон аз низоми худкома ва низоми фасодзада муборизаро идома хоҳем дод.

Бо эҳтиром

Намояндагии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар Фаронса

19 сентябри 2025

Париж, Фаронса

Мақолаҳо

Мақолаҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here