Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон куштори ваҳшиёна, ғайриинсонӣ ва ошкоро нажодпарастонаи кӯдаки ноболиғи тоҷикистонӣ Қобилҷон Алиев дар вилояти Маскави Федератсияи Русияро бо шадидтарин лаҳн маҳкум менамояд. Мо ин ҷиноятро на як ҳодисаи тасодуфӣ, балки натиҷаи мустақими сиёсати хиёнатбор, вобастагӣ ва итоаткоронаи ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Федератсияи Русия ва Кремлин мешуморем.
Қатли Қобилҷон Алиев танҳо куштори як кӯдак нест. Ин қатли шаъну шарафи миллат, қатли виҷдон ва қатли масъулияти давлатест, ки худро ҳомии шаҳрвандонаш вонамуд мекунад, аммо дар амал онҳоро ба қурбонии сиёсати дигарон табдил додааст.
Ин ҷиноят дар заминаи афзоиши ошкорои нафрат, нажодпарастӣ, табъиз ва хушунати миллӣ дар Русия рух додааст фазое, ки солҳои охир зери таъсири таблиғоти расмии Кремл, идеологияи бартариятталабии миллӣ ва шовинизми русӣ шакл гирифтааст.
Мо бо қатъият изҳор медорем, ки ин идеология моҳиятан ба фашизм наздик буда, метавонад бо истилоҳи «русизм» -фашизми муосири русӣ тавсиф шавад.
Силсилакушторҳои тоҷикон: фоҷиае, ки солҳост идома дорад
Фоҷиа бо Қобилҷон Алиев ҳодисаи ҷудогона нест. Солҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон ва наврасон, дар Федератсияи Русия пайваста мавриди хушунат ва куштор қарор гирифтаанд:
- соли 2004 дар Санкт-Петербург кӯдаки ҳаштсолаи тоҷик Хуршеда Султонова аз гурӯҳҳои неоназистӣ ва нажодпарасти рус ба таври ваҳшиёна кушта шуд;
- соли 2016 дар Санкт-Петербург навраси 17-солаи тоҷик бо зарбаҳои корд ба ҳалокат расид;
- соли 2018 дар вилояти Маскав кӯдаки панҷсолаи тоҷик Хувайдо Тиллозода рабуда, таҷовуз ва кушта шуд;
- соли 2019 тибқи иттилои расмӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо марги зӯроварона ҷон бохтанд;
- соли 2020 парвандаҳои куштори кӯдакони тоҷик бидуни ҷавобгарии воқеӣ боқӣ монданд;
- соли 2025 куштори Қобилҷон Алиев боз як далели фоҷиаи идомаёбанда гардид.
Бо вуҷуди ҳамаи ин кушторҳои ваҳшиёна аз қатли кӯдакони ноболиғ то кушта шудани муҳоҷирони корӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан ҳеҷ коре анҷом надод.
На як нотаи ҷиддии дипломатӣ,
на талаби таҳқиқи байналмилалӣ,
на ҳифзи воқеии шаҳрвандон,
на ҳатто изҳори ҳамдардии расмӣ дар сатҳи роҳбари давлат.
Ин хомӯшӣ дигар бетафовутӣ нест-ин шарикӣ дар ҷиноят аст.
Ҷанги Украина: тоҷикон ҳамчун қурбонии сиёсати бегона
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ҳамчунин бо шадидтарин лаҳн ҷалби маҷбурӣ ва кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина-ро маҳкум менамояд.
Садҳо, эҳтимол ҳазорон ҷавони тоҷик,муҳоҷирони корӣ ва маҳбусон бо фиреб, таҳдид, ваъдаи пул, шаҳрвандӣ ё раҳоӣ аз маҳбас ба ҷанги бегона бурда шуданд ва ҳамчун гӯшт дар муқобили туп қурбон гардиданд.
Ин ҷиноят низ бидуни ризоият ва сукути ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон имконпазир намебуд. Давлате, ки шаҳрвандонашро аз ҷангҳои бегона ҳифз намекунад, шарики мустақими ҷиноятҳои ҷангӣ мебошад.
Созмонҳои миллатгарои русӣ-бо ҳимояти давлат
Мо изҳори нигаронии ҷиддӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои миллатгаро ва нажодпарасти русӣ, аз ҷумла «Русская община», мекунем, ки таҳти ҳимояти ошкоро ё пинҳонии сохторҳои давлатии Федератсияи Русия фаъолият доранд.
Ин гурӯҳҳо солҳост муҳоҷирони тоҷикро таҳқир, тарсондан ва мавриди ҳамла қарор медиҳанд, аммо ҳукумати Тоҷикистон боре ҳам онҳоро расман маҳкум накардааст.
Масъулияти сиёсӣ
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон таъкид мекунад:
Қобилҷон Алиевро танҳо як ҷинояткор накушт- ӯро сиёсати вобастагӣ, хомӯшӣ ва итоаткоронаи ҳукумати Раҳмонов кушт.
Давлате, ки шаҳрвандонашро ҳимоя намекунад, давлате, ки аз қатли кӯдак хомӯш мемонад, давлате, ки ҷавононашро ба ҷанги бегона мефиристад, наметавонад худро намояндаи миллат номад.
ТАЛАБОТИ МО:
- Вокуниши фаврӣ ва қотеъи ҳукумати Тоҷикистон бо таъкиди ангезаҳои миллӣ ва нажодпарастонаи куштори Қобилҷон Алиев;
- Таҳқиқи мустақил ва байналмилалии ҳамаи кушторҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия;
- Таъмини ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ;
- Қатъи фаврии ҷалби иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги Украина;
- Бознигарии ҷиддии ҳузури низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон.
Паём ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба тоҷикони муқими Русия муроҷиат мекунад:
ҷони шумо ва ҷони фарзандонатон аз ҳама чиз арзишмандтар аст.
Дар шароите, ки давлат шуморо ҳимоя намекунад, наҷоти ҷони худ ҳаққи шумост.
Ҳаёти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиш дорад.
Қобилҷон фаромӯш нахоҳад шуд.
Хуни кӯдакон ва ҷавонони тоҷик дер ё зуд домони масъулони кунӯнии кишварро хоҳад гирифт.
Шӯрои сиёсии Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
17 декабри соли 2025
Порис, Фаронса
